Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел дар Маскав бо Путин мулоқот мекунад


Меркел ва Путин, акс аз бойгонӣ
Меркел ва Путин, акс аз бойгонӣ

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон рӯзи якшанбе дар Маскав бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мулоқот ва дар бораи ҳали бӯҳрони Украина музокира мекунад. Меркел ҳамчунин бар пояи ёдгории Сарбози Номаълум дар назди Кохи Кремл гулчанбар мегузорад.

Юрий Ушаков-ёвари раиси ҷумҳури Русия гуфт, мавзӯи музокироти ҷонибҳо ҳали муноқиша дар шарқи Украина мебошад. Дар давоми як соли охир дар музокироти Путин ва Меркел бештар масъалаи Украина матраҳ мешавад.

Соли гузашта ҳар ду ҷониб 4 бор бо ҳам мулоқот карданд ва 34 бори дигар бо якдигар гуфтугӯи телефонӣ доштанд. Аз аввали соли ҷорӣ 2 бор мулоқот кардаанд ва 16 гуфтугӯи телефонӣ доштаанд.

XS
SM
MD
LG