Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Се бозии даври панҷуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми 9-уми май ба поён расид.

Шоми 9-уми май се бозии дигари даври панҷуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд. «Хайр»-и Ваҳдат бар тими меҳмон -«Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби 4-2 ғолиб омад. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ аз тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бозиро бо тими “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом дод.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври 5-ум 8 май дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 6-1 ғалаба карда буд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки паиҳам панҷ ғалаба ба даст овард, мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа бо 15 имтиёз садрнишин аст.

Бозии охирини даври панҷум рӯзи якшанбеи 10-уми май миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров — ССКА «Помир»-и Душанбе сурат мегирад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

8 май (ҷумъа)

«ИСТИҚЛОЛ» —«РАВШАН» — 6:1

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 21 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 41 (1:1). Сиёвуш Асроров, 44 (2:1). Дилшод Восиев, 49 (3:1). Зиёвуддин Фозилов, 52 (4:1). Ромиш Ҷалилов, 68 (5:1). Хуршед Маҳмудов, 87 (6:1).

«БАРҚИ ТОҶИК» — «ХАЙР» — 2:4

Голҳо: Сефаҳ Жаке Нана, 17 (0:1). Сафархон Мирзоев, 41 (1:1). Алишер Ӯлмасов, 69 (1:2). Баҳодур Шарифов, 75 – аз пеналтӣ (1:3). Сафархон Мирзоев, 80 (2:3). Мӯҳсин Парпиев, 83 (2:4).

«ВАХШ» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 0:3

Голҳо: Алишер Баротов, ба дарвозаи худ, Абдулло Саидов, Даврон Мирзоев.

Аз майдон хориҷ шуданд: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан («Вахш»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

«ХУҶАНД» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 1:1

Голҳо: Иброҳим Рабимов, 9 – ба дарвозаи худ (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 90+13 (1:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

5

0

0

26-2

15

2

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

3

2

0

10-5

11

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

3

1

1

8-4

10

4

«Хайр» (Ваҳдат)

5

3

1

1

10-8

10

5

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

4

1

2

1

6-4

5

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

5

1

2

2

2-5

5

7

«Равшан» (Кӯлоб)

5

1

1

3

6-13

4

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

4

1

0

3

3-9

3

9

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

0

1

3

1-8

1

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

4

0

0

4

0-13

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”) - 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ (“Истиқлол”) – 4 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Бозии охирини даври 5-ум:

10 май (якшанбе)

Оғози бозӣ - соати 17:00

«Парвоз» — ССКА «Помир»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG