Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои борбари Испания суқут кард


Як ҳавопаймои бузурги борбари Испания A400M ҳангоми иҷрои парвози санҷишӣ дар ин кишвар суқут кардааст. 3 нафар аз халабонони ин ҳавопаймои низомӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ҳангоми ба мусибат дучор шудани ҳавопаймо 7 нафар дар ҳавопаймо нишаста будаанд. Ҳавопаймо 8 май аз фурудгоҳи шаҳри Севилия ба ҳаво бархостааст ва ба зудӣ ба замин сарозер шудааст.

Ду нафари дигар аз халабонони ҳавопаймо сахт маҷруҳ шудаанд. Ду нафари дигар бедарак мебошанд. Дар ин бора сухангӯи хадамоти изтирорӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи масъулони фурудгоҳ, оташнишонҳо ва кормандони хадамоти изтирорӣ дар маҳали ҳодиса қарор доранд. Фурудгоҳи Севилия баста шудааст ва ҳавопаймоҳои парвозҳо ба ин шаҳр дар шаҳрҳои дигар фуруд меоянд.

Ҳавопаймои A400M ҳавопаймои бузурги болдор ва борбари низомӣ аст ва дар шаҳри Севилия сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG