Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи толори нави варзишӣ дар ноҳияи Восеъ


​Дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ дар арафаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм толори нави варзишӣ ба истифода дода шуд.

Рӯзи 8 май дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ толори нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ Мӯсо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ, ба соҳибкороне, ки дар Рӯзи таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 басокинони ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ чунин тӯҳфаро пешкаш кардаанд, изҳори сипос намуд.

Ин толор барои баргузории мусобиқот оид ба бокс, намудҳои гуштин, якҳарбаҳои шарқӣ ва вазнабардорӣ пешбинӣ шудааст. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ин толор таҷҳизоти варзишӣ - ринг ё майдончаи бокс ва гилеми гуштигирӣ (татами) -тақдим намуд.

Пас аз маросими ифтитоҳи толори нав дар ин ҷо аввалин мусобиқа оид ба бокс ва дзюдо бахшида ба Рӯзи Ғалаба байни наврасони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб баргузор шуд. Ин мусобиқаро Кумитаи ҷавонон,

варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар дар ҳамкорӣ бо бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ташкил карданд.

Дар сабқати дзюдо варзишгарони шаҳри Кӯлоб – Шамшер Нурматов (55 кг), Ҷаҳонгир Авазов (60 кг), Абдуҷаббор Одинаев (73 кг), Амирҷони Насим (81 кг) ва Шарифҷон Назриев (+81 кг), инчунин Фирдавс Каримов ( 66 кг) аз ноҳияи Ховалинг ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар сабқати бокс дар ҳамаи 6 вазн варзишгарони Кӯлоб ғолиб шуданд: байни духтарон - Ҳусния Холова (48 кг), Адибаи Сафар (56 кг), байни писарон – Суннатуллои Юнусзода (48 кг), Салоҳиддини Хуршед (50 кг), Бахтовар Сагизов (52 кг) ва Рамазон Табаров (57 кг).

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Мӯсо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ, Баҳрулло Раҷабилиев, дабири кулли Кумитаи миллии оимпии кишвар ва Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ғолибони мусобиқаро табрик гуфта, ба онҳо ҷоизаҳо тақдим карданд.

Ғолибон ва варзишгароне, ки ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд, бо медалу дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, инчунин сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Раҳбарони ташкилотҳои варзишии кишвар, инчунин аз сохтмони варзишгоҳи нави замонавӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ҷараён дорад, дидан карданд. Ин варзишгоҳ, ки бо маблағи соҳибкори соҳибнуфузи маҳаллӣ Авазхон Кабиров бунёд меёбад, дорои 5 ҳазор ҷойгоҳ буда, барои бозии футбол, инчунин, мусобиқот оид ба намудҳои гуштин, якҳарбаҳои шарқӣ, бокс ва ғайра пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ин соҳибкори қавӣ варзишгоҳ имсол дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 8 май дар маркази ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, инчунин, дар вазъияти ботантана парда аз нимпайкараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳайкали Сарбози номаълум ва лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи шаҳидону иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ин диёр бардошта шуд.

XS
SM
MD
LG