Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко дар Киев Ғалабаро ҷашн гирифт


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина дар шаҳри Киев ба муносибати 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон бар пояи Сарбози Номаълум гулчанбар гузошт.

Бори авал аст, ки ин кишвар ҷашни Ғалабаро на 9 май, он гуна ки дар Русия қабул шудааст, балки 8 май мисли кишварҳои аврупоӣ ҷашн гирифт.

Бо вуҷуди ин, 9 май бо ширкати баъзе воҳидҳои низомӣ дар пойтахти Украина паради хурди низомӣ баргузор шуд ва онро “Раҳпаймоии сулҳ” номиданд.

Порошенко бо истифода аз фурсат аз Русия интиқод кард, ки аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷонибдорӣ мекунад. Дар шаҳри Донетск, ки дар контроли ҷудохоҳон аст, танкҳо ва мушакандозҳоро ба намоиш бароварданд ва бад-ин тариқ 70 солагии Ғалабаро ҷашн гирифтанд.

Тақрибан 1500 нафар ҷанговарони ҷудоихоҳ дар шаҳр раҳпаймоӣ карданд ва дар даст парчамҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва аксҳои Сталинро доштанд.

XS
SM
MD
LG