Пайвандҳои дастрасӣ

"Истиқлол"-и Душанбе дар бозии даври 5-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 6-1 ғалаба кард.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии даври 5-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми 8 май дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар ба поён расид, бар тими "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 6-1 ғалаба кард.

Ҳисобро дар ин бозӣ меҳмонон боз карданд. Тӯбро Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Равшан”,дар дақиқаи 22-юм ба дарвозаи мизбонон равона кард. Вале баъди 18 дақиқа Фатҳулло Фатҳуллоев ҳисобро баробар намуд. Панҷ голи дигари “Истиқлол”-ро Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев, Зиёвуддин Фозилов, Ромиш Ҷалилов ва Хуршед Маҳмудов ба ҳадаф расонданд.

Ба ин тартиб, "Истиқлол", ки пайиҳам панҷ ғалаба ба даст овард, мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа бо 15 имтиёз садрнишин аст.

Се бозии дигари даври панҷум имрӯз, 9-уми май, байни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат — «Барқи тоҷик»-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа — «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд — “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан соати 17:00 шурӯъ мешавад. Бозии охирини даври панҷум рӯзи якшанбеи 10-уми май миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров — ССКА «Помир»-и Душанбе сурат мегирад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

8 май (ҷумъа)

«ИСТИҚЛОЛ» —«РАВШАН» — 6:1

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 22 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 40 (1:1). Сиёвуш Асроров, 44 (2:1). Дилшод Восиев, 50 (3:1). Зиёвуддин Фозилов, 52 (4:1). Ромиш Ҷалилов, 68 (5:1). Хуршед Маҳмудов, 84 (6:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

5

0

0

26-2

15

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

3

0

1

7-3

9

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

2

2

0

7-5

8

4

«Хайр» (Ваҳдат)

4

2

1

1

6-6

7

5

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

4

1

2

1

2-2

5

6

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

3

1

1

1

5-3

4

7

«Равшан» (Кӯлоб)

5

1

1

3

6-13

4

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

3

1

0

2

1-6

3

9

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

0

1

3

1-8

1

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

4

0

0

4

0-13

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”) - 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ (“Истиқлол”) – 4 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 5-ум:

9 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

"Хайр" - "Барқи тоҷик"

"Вахш" - "Регар-ТадАЗ"

"Хуҷанд" - "Далерон-Ӯротеппа"

10 май (якшанбе)

Оғози бозӣ - соати 17:00

"Парвоз" - ССКА "Помир"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG