Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Қазоқистон


​Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тайимбет Комекбоев дар Қазоқистон се медал ба даст оварданд.

Мунтахаби самбои Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Тайимбет Комекбоев, ки рӯзҳои 8 ва 9 май дар вилояти ҚизилурдаиҚазоқистон баргузор шуд, соҳиби як медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ гардид.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 9 май хабар дод.

Ӯ афзуд, “дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ҳудуди 300 варзишгар аз 28 кишвар ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 6 гуштигир - Акмалиддин Каримов, Бобоҷон Зоиров, Бахтовар Каримов (ҳарсе дар вазни 57 кило), Хушқадам Хисравов (62 кило), Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кило) ва Салимбек Салимбеков (+100 кило) – дохил буданд. Се нафари онҳо - Акмалиддин Каримов медали тилло, Хушқадам Хисравов медали нуқра ва Бахтовар Каримов медали биринҷӣ - ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки ҳарсе аз Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мебошанд”.

Ба гуфтаи довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуди Абдулло пас аз анҷоми мусобиқаи самбо сабқати гуштии миллии қазоқии “курес” дар вазни мутлақ барпо мегардад. Ғолиби ин сабқат бо мошини сабукрави “Toyota Prado” сарфароз мешавад. Паҳлавононе, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан бо мошинҳои сабукрави “Toyota Camry» ва“Toyota Corolla» мукофотонида хоҳанд шуд. Инчунин барои ҷойи чорум 15 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG