Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии амниятӣ дар пойгоҳҳои низомии Амрико


Пойгоҳҳои низомии Амрико тадобири амниятиро тақвият бахшидаанд, зеро нигаронӣ аз таҳдидҳои террористӣ афзоиш ёфтааст. Омодагии низомӣ ба дараҷаи 3 боло бурда шудааст.

Баъд аз тирандозии ҳафтаи гузашта ба сӯи намоишгоҳи аксҳои танзомези Муҳаммад-паёмбари ислом дар наздикии Техас нигарониҳо зиёд шуд, чун дар Твиттер ном ва адреси як афсари амрикоиро навиштанд, ки ба тундравҳои низомии Сурия машқ медиҳад.

Ин навиштаи Тветтер бори аввал дар сафҳаи Ҷунайд Ҳусайн-тундрави исломии бритонёӣ чанд рӯз пеш аз ҳамлаи Гарленд пайдо шуд.

Ба бовари мақомоти нируҳои интизомӣ, Ҷунайд шахсест, ки ба Элтон Симпсон-яке аз тирандозҳои Техас паём навишта буд ва вайро ба тирандозӣ ҳидоят дод.

Сафҳаҳои интернетие, ки бо “Давлати Исломӣ” иртибот доранд, ном ва адреси тақрибан 100 низмиро чоп кардаанд.

XS
SM
MD
LG