Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Гурҷистон дар порламон райи эътимод ба даст овард. Ираклӣ Гарибашвилӣ-нахуствазири ин кишвар баъд аз истеъфои чанд вазир маҷбур шуд, ки дар кобина тағирот ворид кунад.

Дар кобинаи нав Тина Хидашелии 41 сола, ки ҷонибдори Ғарб аст, мақоми вазири дифоъро ишғол кард. Вай уҳдадор шудааст, ки кишварро дар роҳи узвият ба паймони НАТО раҳнамоӣ мекунад.

Георгий Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон дар ҷаласаи порламон изҳор дошт, ки роҳи Гурҷистон барои наздикӣ бо Ғарб баргаштнопазир аст. Вай гуфт: “Интихоби аслии мо демократияи Аврупо аст ва дастоварди аслии мо озодӣ аст”.

Шоистагии эътилофи “Орзуи Гурҷистон”-и вайбо баҳсҳо роҷеъ ба анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ, афзоиши ҷиноят ва мубориза бо ришвахорӣ то андозае осеб дида буд.

Мушкилоти иқтисодӣ ҳамчунин Гурҷистонро фаро мегирифт, камбуди пул пеш омада буд, содирот коҳиш ёфт ва интиқоли пул ба Гурҷистон кам шуд. Натиҷаҳи ҳамаи ин коҳиши рушди иқтисодии Русия арзёбӣ мешавад.

Дар давоми як соли гузашта 7 вазир ё аз мақоми худ истеъфо доданд ва ё аз мақом барканор гардиданд. Ҳафтаи гузашта Леван Кипианӣ-вазири варзиш истеъфо дод.

Дар сурати аз се як ҳисса дигар шудани аъзои кобина аъзои нави он бояд дар порламон ба райдиҳӣ гузошта шаванд.

XS
SM
MD
LG