Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маскав паради 70 солагии Ғалаба баргузор шуд


Дар Маскав барои бузургдошт аз 70 солагии пирузии нируҳои ҳампаймон дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ бар Олмони Нозӣ паради низомӣ баргузор гардид.

Тақрибан 16 000 ниру дар ин парад ширкат доштанд. Бар ҷараёни ин парад, ки дар Майдони Сурхи Маскав баргузор шуд, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, Сергей Шойгу-вазири дифоъи Русия ва намояндагони дигари баландпояи Русияву хориҷӣ назорат карданд.

Зимни суханони худ дар ин маросим Путин ба кишварҳои ҳампаймон дар ин ҷанг, аз ҷумла ба Фаронсаву Британия ва Амрико изҳори сипос кард. Вай аз “сабуксарӣ”-е, ки ҷаҳони ғайримаъмулӣ ба вуҷуд овардааст ё ба паймонҳои низомӣ такя мешавад, интиқод намуд.

Раҳбарони бештар аз 20 кишвар, аз ҷумла Сӣ Ҷинпинг-раҳбари Чин дар Майдони Сурх ҳузур доштанд. Раул Кастро-раҳбари Куба ва Роберт Мугабе-раиси ҷумҳури Зимбабве аз ҷумлаи меҳмонони дигари ин парад ба шумор мерафтанд.

Вале раҳбарони кишварҳои Ғарбӣ барои муноқишаҳо дар шарқи Украина ин парадро бойкот карданд.

Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ тақрибан 26 миллион нафарро қурбонӣ дод.

XS
SM
MD
LG