Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи марзии “Шинҷон Қаросу” боз шуд


Дар паи 10 сол омодагиҳову фаъолияти санҷишӣ, рӯзи ҷумъа, 8 май танҳо гузаргоҳи заминии Чин дар минтақаи гумрукии “Шинҷон Қаросу” ба таври расмӣ боз шуд. Дар ин бора вебсайти news.xinhuanet.com хабар дод. Ин гузаргоҳ дар 4100-метрии шимолу ғарби вилояти Шинҷону Уйғуристон ҷойгир буда, расман дар моҳи маи соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Бо сабаби барфҳо ва баста будани роҳҳо дар ин минтақаи кӯҳӣ, ин гузаргоҳ танҳо дар фурсати байни 20 апрел то охири моҳи ноябр метавонад кор кунад.

Аз замони боз шудани ин гузаргоҳи марзӣ дар соли 2004 мизони интиқоли молу бор аз 833 тонна дар он сол то 389,600 ҳазор тонна дар соли 2014 афзоиш ёфт. Мизони тиҷорат аз 1,68 миллион доллар то 1,99 миллиард доллар баланд шуд. Соли гузашта, ба навиштаи ин манбаъ, 78 дар сади тиҷорати миёни Чин ва Тоҷикистон аз Шинҷон ба роҳ монда шуд ва тавассути гузаргоҳи Қаросу ва шоҳроҳи Қулма интиқол ёфт. Ба гуфтаи як масъули гумруки Чин, гузаргоҳи гумрукии Қаросу роҳи муҳими тиҷоратӣ, бахусус ба самти Тоҷикистон ва Қирғизистони ҳамсояаш аст.

XS
SM
MD
LG