Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимпайкараи Сталинро ранг карданд


Дар шаҳри ҷанубии Липетски Русия нимпайкараи раҳбари шӯравӣ Сталин ба ранги гулоб ранг карда шуд. Як фаъоли ҳизби коммунист гуфт, ки ин кори харобкорон як амали таҳрикомез дар остонаи таҷлил аз иди ғалаба мебошад. Бар тибқи иттилои Интерфакс, дар наворҳои видеии камераҳои хиёбонӣ зане сабт шудааст, ки ин нимпайкараро ранг мекард. Липетск ҳам як ватани дигари ширкати шириниҳои “Рошен” аст, ки марбут ба президенти Украина Петро Порошенко мебошад. Рӯзи 28 апрел мақомот моли ин ширкатро ғасб карданд.

XS
SM
MD
LG