Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳофизакорони Бритониё дар интихобот пирӯз шуданд


Ҳизби Муҳофизакори Бритониё дар интихоботи рӯзи 7 май аксарияти курсиҳои парлумонро соҳиб шуд. Ҳисоби қариб тамоми баргарҳои раъй нишон медиҳад, ки ҳизби нахуствазир Девид Кемерон 330 курсии парлумонро аз худ карда давоми 5 соли оянда боз сари қудрат хоҳад монд. Кемерон аз ин натиҷа чун як “пирӯзии ширинтарин” дар карераи сиёсиаш ситоиш кард. Пирӯзии Кемерон ба ин маъност, ки дар давоми ду соли оянда Бритониё як раъйпурсиро дар заминаи зарурати ҳузури ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо баргузор мекунад. Нисфирӯзии 8 май Кемерон бо малика Элизабет мулоқот ва тибқи анъана, ӯро дар бораи нияташ дар бораи ташкили ҳукумати нав огаҳ кард. Ҳизби рақиби Коргар дар ин интихобот 25 курсиро аз даст дод. Раиси ҳизб Эд Милибанд дафъатан ба истеъфо рафт. Яке аз натиҷаҳои барҷастаи интихоботи кунунӣ ин аст, ки барои нахустин бор дар таърихи парлумони Бритониё аз соли 1667 як вакили 20-сола ба узвияти маҷлис шомил шуд. Ин духтар Маира Блек ном дошта, дар интихобот ба намояндагӣ аз ҳизби миллии Шотландия дар як рақобати сахте бар Дуглас Александр, сиёсатмадори лейборист ва собиқ узви ҳукумат дастболо шуд.

XS
SM
MD
LG