Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими видоъ бо Лутфия Айнӣ


Лутфия Айнӣ -- духтари хурдии Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти навини тоҷик рӯзи 7 май дар сини 81- солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Маросими видоъ бо Лутфия Айнӣ рӯзи 8-уми май дар манзилаш баргузор шуд ва ӯро дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе дафн карданд. Дар маросими дафни ӯ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дигар мақомоти расмӣ ва адибону зиёиён ширкат доштанд. Лутфия Айнӣ дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи Илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард ва яке аз муҳаққиқони шинохтаи санъати муосири тоҷик буд ва осори зиёде боқӣ гузоштааст. Дар маросими видоъ нависанда Абдулҳамиди Самад, фарҳангшинос Аслиддин Низомов ва шоира Гулрухсор сухан карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG