Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили Иди Ғалаба дар Аврупо


Раҳбарони аврупоӣ ва ҳам мардуми оддӣ дар ин қаламрав рӯзи 8 май иди ғалаба бар Олмони нозӣ ё фашистӣ ва ҳам хатми ҷанги дувуми ҷаҳонро таҷлил карданд. Дар Париж дар хиёбони марказии наздики боғи Елисей роҳи ҳаракати мошинҳо баста шуд, то ки маросими гулгузорӣ дар пои пайкараи "Сарбози гумном" баргузор шавад.

Дар ин маросим котиби давлатии Амрико Ҷон Керрӣ ва вазири умури хориҷии Фаронса Лорен Фабиус иштирок карданд. Дар Олмон мақомоти баландпоя дар як маросими яксоата дар бинои парлумони Рейхстаг ҷамъ омаданд. Аз ин пеш, дар шаҳри Гдански Полша, ки соли 1939 Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ин ҷо шурӯъ шуд, президент Бронислав Комаровски ҳамроҳ бо дабири кулли СММ Бан Ки Мун, президенти Украина Петро Порошенко ва дигар раҳбарони аврупоӣ дар маросими ёдбуди қурбониҳои ҷанг ширкат карданд.

Дар суханронии худ Комаровски ба ҳама сарбозони ширкатдори ин ҷанг аҳсан гуфт: "Аз ҳамин макон мехоҳам ба ҳама онҳое, ки зидди таҷовузи нозӣ ҷангиданд, салом расонам. Ҳама сарбозони эътилофи зиддигитлерӣ барои пирӯзии моҳи майи соли 1945 саҳмгузоранд. Ман инчунин мехоҳам қурбониёни ин ҷанги ваҳшатнокро ҳам ба ёд оварам, новобаста аз он ки аз кадом сӯи сангар ҷангидаанд."

Барои нахустин бор Украина дар 70 соли баъд аз хатми ҷанг иди ғалабаро на рӯзи 9 май, ки аз ҷониби Русия чун рӯзи расмии пирӯзӣ бар фашизм эътироф шудааст, балки 8 май таҷлил мекунад. Порошенко дар суханронии худ аз ин ҷанг на ҳамчун Ҷанги бузурги ватанӣ, балки Ҷанги дуюми ҷаҳон ёд кард. Порошенко гуфт, мехост рӯзи 8 май ҳамчун рӯзи ваҳдат на танҳо барои муттаҳид кардани тамоми мардуми Украина, ки назарҳои мухталифро ба ҷанги солҳои 1940-ум доранд, таҷлил шавад, балки ин ҷашнро аз Русия ҷудо кунад. Киев Маскавро дар пуштибонӣ аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина айбдор мекунад.Порошенко гуфт, ҳаводиси таърихӣ бо баҳонаҳои ҳимояти аққалиятҳо, набояд такрор шавад.

XS
SM
MD
LG