Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Рустами Ҷонӣ


Соли 1974 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Ғарм -- Рашти имрӯза ба дунё омада, мактаби миёнаро дар ҳамин ҷо хатм кардааст. Дастпарвари факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994, ки ҳанӯз донишҷӯ буд бо идораи ҷавонии Радиои Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. То соли 1998 дар ин идора ба сифати муҳаррир ва баъдтар дар шӯъбаи мусиқии ин расона фаъолиятро идома дод. Сипас ба телевизиони тоҷик даъват шуд. Бо таъсиси Радиои “Ватан” ба ҳайси сармуҳаррири барномаҳои тоҷикӣ дар ин муассиса кор кард. Аз соли 2002 то ба имрӯз мудири иҷроияи ширкати Ориёно-медиа аст. Соли 2007 радиои “Имрӯз” ва соли 2010 нахустин нашрияи мустақили ҳаррӯзаро бо номи “Имрӯзнюс” таъсис дод. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд аст.

XS
SM
MD
LG