Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёи ярчи соли 1969


Балҷувон
Балҷувон

Дар ноҳияи Балҷувони ҷануби Тоҷикистон маросими бузургдошти хотири даҳҳо қурбониёни ҳодисаи фаромадани ярч дар рустои Гулдара баргузор шуд, ки даҳҳо сокини маҳаллиро гирифт. 46 соли пеш дар ҳамин рӯз 180 сокини як деҳа – 22 хонавода шабонгоҳ дар ҳолати хоб зери ярч монда ба ҳалокат расиданд. Баъди ин ҳодиса деҳаи маъруф ба Гулдара расман ба Гӯрдара иваз шуд. Тавре имрӯз таъкид мекунанд, ҳукумати шӯравӣ баъди фоҷеаи рӯзи 8 маи соли 1969 намонд, ки ҷасадҳо аз зери хок берун оварда шаванд ва макони фаромадни ярч ба як гӯристони мардумӣ табдил шуд. Танҳо дар як хонавода дар он фоҷеа 18 нафар нобуд шудааст.

XS
SM
MD
LG