Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Пентагон ба размандагони суриягӣ


Эш Картер, вазири дифои ИМА
Эш Картер, вазири дифои ИМА

Вазири дифои ИМА Эш Картер гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ ба тамрини гурӯҳи хурде аз размандагони Сурия шурӯъ карданд, ки барои мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” сафарбар мешаванд. Дар як нишасти матбуотӣ дар Вашингтон Картер гуфт, ки гурӯҳи дуюми размандагон ҳам ба наздикӣ ба тамринҳо шурӯъ мекунад. Раҳбари Пентагон гуфт, ки манзураш аз гурӯҳи хурд 90 нафар аст. Аз ин пеш мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ба тамрин додани размандагони суриягӣ дар Урдун шурӯъ карданд ва базудӣ чунин як барнома дар Туркия ҳам ба кор медарояд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки тамрингоҳҳои дигар дар Арабистони Саъудӣ ва Қатар феълан қобили истифода нестанд. Маъмурияти президент Обама гуфтааст, ки барномаи низомӣ танҳо ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро ҳадаф қарор додааст, чунки ИМА бо Сурия дар ҳолати ҷанг нест.

XS
SM
MD
LG