Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии кайҳонии Русия дар кайҳон таркид


Рӯзи 28 апрел киштии борбари кайҳонӣ аз радарҳо гум шуд

Рӯзи 28 апрел киштии борбари кайҳонӣ аз радарҳо гум шуд

Киштии борбари кайҳонии "Прогресс М-27М"-и Русия, ки ҳанӯз рӯзи 28 апрел аз назорат хориҷ шуд, шаби ҷумъа дар баландии қисмати марказии уқёнуси Ором сӯхта нобуд шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Роскосмос хабар дод. Дар дохили ин киштии борбар дуюним тонна бор, аз ҷумла, 500 кг сӯзишворӣ, 50 кг ҳаво ва 420 килограмм об будааст. Хароҷоти ин киштии борбари кайҳонӣ 2,6 миллиард рублро ташкил дод. Дар изҳорот гуфта мешаванд, ки нобудшавии киштӣ барои шаш узви тими Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ мушкили ҷиддӣ эҷод накард, чунки ҳоло захираҳои кайҳоннавардон ба мӯҳлати аз 4 то 6 моҳ кифоят мекунад. Киштии баъдӣ қарор аст ба Истгоҳи байналмилалӣ дар моҳи июн фиристода шавад.

XS
SM
MD
LG