Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути чархболе ҷони 4 нафарро гирифт


минтақаи Гилгит дар харита

минтақаи Гилгит дар харита

Дар як ҳодисаи суқути чархбол дар наздикии шаҳри Гилгити минтақаи Гилгит-Балтистони шимоли Покистон чаҳор нафар кушта шуданд. Дар дохили чархбол ҳайате аз дипломатҳои хориҷӣ ва ёваронашон қарор доштааст. Сухангӯи низомие дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки дар ин ҳодиса ду халабон ва дасти кам ду хориҷӣ кушта шуданд, 13 нафар бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурдаанд. Ҳанӯз ҳуввият ва шаҳрвандии ин афрод мушаххас нашудааст. Гузоришҳо ҳокист, ки ҳавопаймо дар як мактаби маҳаллӣ суқут кард ва эҳтимол меравад, ки шумори маҷрӯҳон дар асл боз ҳам бештар бошад.

XS
SM
MD
LG