Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Кемерон дар сари қудрат мемонад


Ҳукумати муҳофизакори нахуствазири Бритониё Девид Кемерон ба назар мерасад, ки боз 5 соли оянда дар Бритониё дар сари қудрат мемонад. Назарсанҷии ҳамзамони баъди интихоботӣ ва ё экзит-пол, ки аз ҷониби ширкати ББС анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки дар интихоботи рӯзи 7 май муҳофизакорон 316 курсии маҷлиси поёнии парлумони иборат аз 650 ҷойро ба худ ихтисос додаанд ва ин чиз ба Кемерон имкон медиҳад, ки дар фикри таъсиси як эътилофи ҳукмрон шавад ва ҳамкориашро бо либерал-демократҳо тақвият диҳад. Пирӯзии Кемерон ба он маъност, ки дар давоми ду соли наздик Бритониё бояд як раъйпурсии таърихиеро баргузор кунад, ки ҳузури Бритониёро дар Иттиҳодияи Аврупо дар оянда муайян хоҳад кард. Ваъдаи баргузории ин раъйпурсӣ аз паёмҳои калидии пешазинтихоботии муҳофизакорон буд. Натиҷаҳои муқаддамотии интихобот мегӯяд, ки Ҳизби кори Бритониё танҳо 239 курсии парлумонро бурдааст.

Яке аз натиҷаҳои барҷастаи интихоботи кунунӣ ин аст, ки барои нахустин бор дар таърихи парлумони Бритониё аз соли 1667 як вакили 20-сола ба узвияти маҷлис шомил шуд. Ин духтар Маира Блек ном дошта, дар интихобот ба намояндагӣ аз ҳизби миллии Шотландия дар як рақобати сахте бар Дуглас Александр, сиёсатмадори лейборист ва собиқ узви ҳукумат дастболо шуд.

XS
SM
MD
LG