Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯгвории Байден ва Саркисян аз куштори арманҳо


Раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисян аз осорхонаи ёдбуди қурбониҳои куштори ҷамъии арманиҳо дар Вашингтон дидан мекунад

Раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисян аз осорхонаи ёдбуди қурбониҳои куштори ҷамъии арманиҳо дар Вашингтон дидан мекунад

Раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисян, муовини президенти Амрико Ҷо Байден ва дигар раҳбарони сиёсиву мазҳабӣ дар маросиме дар Калисои миллии Вашингтон рӯзи 7 май иштирок карданд, ки ба муносибати бузургдошти хотири қурбониёни куштори ҷамъии арманиҳо 100 соли пеш баргузор шуд. Президент Саркисян дар изҳороти худ ба башардӯстӣ, сулҳ ва адолати бештар дар ҷаҳони имрӯз даъват кард ва гуфт, адами ин арзишҳо дар рӯйдодҳои қарне пеш боиси кушта ва аз хоки Туркияи усмонӣ ихроҷ шудани 1,5 миллион арманиҳо, ҳамчунин, дар рӯйдодҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон қатл шудани 6 миллион яҳудӣ ва ҳам зулми зиёд дар таърихи навини ҷаҳон дар Дорфуру Руандаву Камбоҷа шуд. Маросими ёдбудро дар калисои миллии Вашингтон рӯҳонии маъруфи арманитабор Карекини 2, раҳбари динии арманиҳои тамоми ҷаҳон ва ҳам Ором Кешишиён, пешвои католикҳои Сисилия раҳбарӣ карданд.

XS
SM
MD
LG