Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лутфияи Айнӣ -- духтарии хурдии устод Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи 7 май дар сини 81- солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт. Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон рӯзи 8 май ба Радио Озодӣ гуфт, ки маросими видоъ бо Лутфияи Айнӣ соати 12-и рӯзи 8 май дар манзилаш баргузор шуд. Сипас намози ҷанозаи ӯ дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе хонда шуд. Лутфияи Айнӣ соли 1934 таваллуд шуда ва дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи Илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард. Аз ӯ ба унвони яке аз муҳаққиқони шинохтаи санъати муосири тоҷик ном бурда мешавад, ки аз худ дар ин соҳа осори зиёде боқӣ гузоштааст. Аз ин қабл дар моҳи августи соли 2010 ягона писари устод Айнӣ -- Камолиддин Садриддинзода Айнӣ, бар асари бемории сактаи майна ё хунрезии мағз, дар синни 83 солагӣ, даргузашта буд.

XS
SM
MD
LG