Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо дар Руминия


Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Руминия ширкат хоҳад кард.

Хуршед Маҷидов, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 9-10 май дар шаҳри Питешти Руминия баргузор мешавад, ширкат меварзад. Ӯ ягона варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфуз намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, муовини сардори шӯъбаи варзиш ва таълимоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод.

Ёдовар мешавем, Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 2-3 май дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуда буд, соҳиби медали нуқра гардидааст.

Хуршед дар ин мусобиқа дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон) ва Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия) ба финал баромад. Вале Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни кадетҳо дар Олмон 661 варзишгар (370 писар ва 21 духтар) аз 37 кишвар иштирок доштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 24 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Ҷопон (5-0-2) ҷойи дувум ва мунтахаби Бразилия (2-1-2) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва як ҷойи ҳафтум ҷойи 9-умро соҳиб шуд ва аз 28 кишвар пеш гузашт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG