Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА бо 173 имтиёз мисли пешин дар мақоми 143-юм қарор дорад.

Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 7-уми май, нашр шудааст, бо 173 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин ҷойи 143-юмро касб кардааст.

Мунтахаби Олмон дар ин феҳрист дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина дар ҷойи дувум ва тими Белгия дар ҷойи севум мебошанд. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Колумбия, Бразилия, Ҳолланд, Португалия, Уругвай, Швейтсария ва Испания дохиланд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ тағйир наёфтааст (ҷойи 22-юм). Дар ин қора Эрон дар ҷойи аввал (дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 40-ум), Ҷопон дар ҷойи дувум (50) ва Кореяи ҷанубӣ дар ҷойи севум (57) мебошанд.

Дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ бошад, Тоҷикистон дар ҷойи 13-ум буда, пеш аз Қирғизистон (153) ва Туркманистон (159) қарор гирифтааст.

Мавқеи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабанди нави ФИФА чунин аст: Австралия – ҷойи 64-ум, Урдун – ҷойи 103-юм, Қирғизистон – ҷойи 153-юм, Бангладеш – ҷойи 169-ум.

Бояд тазаккур дод, раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини

мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад. Феҳристи баъдии ФИФА 4 июн нашр хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тилисм ё рамзи мунтахаби миллии кишварро тасдиқ кардааст. Ба иттилои торнамои ФФТ ин рамз шер ва шербача аст, ки даъват шудаанд ба мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 комёбӣ оранд.

Ҳангоми бозиҳо Шер ва шербача Дил либоси мунтахаби миллиро таҳти рақамҳои 12 ва 91 ба бар мекунанд. Тарроҳони рамз бо ин мехоҳанд иртибот ва таърихи ғании гузаштаву имрӯзаи футболи тоҷик, инчунин зарурати дастгирии мухлисонро нишон бидиҳанд. Рамзи тими миллии Тоҷикистонро дизайн-студияи “Устодизайн” таҳия кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG