Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба гузоришҳо аз Ироқ, як рӯзноманигори ошкорбаён дар хонааш дар Бағдод парронда шудааст. Созмони нозирони озодии баён дар Ироқ мегӯяд, ки Риёд Ал Ҷабурӣ бо тире ба қалбаш кушта шудааст. Ин ҳодиса 5 май рух додааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, сабабҳои куштор рӯшан нашудааст. Аммо баъзе аз ҳамкорони Ҷабурӣ мегӯянд, ки ба вай таҳдид мекарданд ва ҳатто вай шумораи телефонашро ба Созмони нозирони озодии баён дода будааст, то дар сурати зарурат ба кӯмакаш бирасанд.

Ҷабурӣ барномаи телевизионии Ал Рашидро гардонандагӣ мекард ва барои рӯзномаи Аз-Замон сармақолаҳо менавишт. Як сухангӯи нируҳои амниятии Ироқ ба телевизиони давлатии Ироқия гуфтааст, ки шояд Ҷабурӣ худкушӣ карда бошад.

Аммо падари Ҷабурӣ ин иддаоро рад кард. Созмони Гузоришгарони бидуни марз марказаш дар Порис мегӯяд, ки сарчашмаи таҳдидҳо бар зидди Ҷабурӣ метавонад сиёсӣ бошад.

XS
SM
MD
LG