Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қарзи "Барқи Тоҷик" аз "Сангтӯда 1"


Қарзи ширкати «Барқи Тоҷик» аз ниругоҳи барқи обии “Сангтуда 1” дар ду моҳи ахир афзоиш ёфта, ба 496 миллиону 400 ҳазор сомонӣ расидаааст.

Ин қарз моҳи гузашта ба 487 миллион сомониро ташкил медод.

Барқи тоҷик харидори ягонаи неруи барқи “Сангтуда 1” дар ҳамаи фаслҳо мебошад ва худ ин барқро ба аҳолии кишвар ва корхонаҳо мефурӯшад.

Дар моҳи сентябри соли гузашта "Барқи Тоҷик" изҳор дошта буд, ки аз моҳи августи соли гузашта то моҳи сентябр тавонистааст ҳудуди 2 миллион сомонӣ қарзи "Сангтӯда1"- ро пардозад.

XS
SM
MD
LG