Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба иттиҳоми узвият дар ҷараёни динии “Салафия” барои 3 сол равонаи зиндон кард. Ба гуфтаи манобеъ аз ин додгоҳ, Ҷамшед Холиқов, истиқоматкунандаи 30-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (“барои иштирок ва фаъолияти ғайриқонунӣ дар ҷараёни экстремистии «Салафия») ба мӯҳлати 3 сол аз озодӣ маҳум карда шуд. Ҳамин манбаъ мегӯяд, Холиқов моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Суғд ба гумони ба таври пинҳонӣ фаъолият дар ин созмон, дастгир шудааст. Вақти азназаргузаронӣ аз манзили зисти ӯ зиёда аз 166 адад адабиёти динӣ, ки бархе бархе дорои мазмун ва муҳтавои тундгароёна будаанд, дарёфт шудааст. Ҷамшед Холиқов давоми солҳои 2005 -2007 дар Арабистони Саудӣ таълими динӣ гирифта, баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон бармегардад ва ба гуфтаи додгоҳ, аз замони боздошташ барои ҷалби шаҳнвандон ба ҷараёни “Салафия” ба таври пинҳонӣ фаъолият мебурдааст. Манбаъ мегӯяд, ки вай дар ҳудуди ноҳияи Ғафуров чандин маротиба бо ҳамақидаҳояш ҷамъ омада, онҳоро барои пешбурди фаъолияти ғайриқонунии «Салафия» ташвиқ кардааст.

XS
SM
MD
LG