Вазорати корҳои хориҷаи Эрон таъйид кард, ки киштии борбари ҷазираҳои Маршалро раҳо кардааст. Онро киштиҳои гаштзани Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз дар охири моҳи апрел боздошт карда буданд.
7 май вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфт, ки 24 нафар хадамаи ин киштӣ бо номи "Маерск Тигрис" низ раҳо шудаанд ва киштии борбар обҳои соҳилии Эронро тарк кардааст.
Марзия Ахфом-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон 6 май гуфт, музокира байни ширкатҳои хусусии иҷорагирифта барои раҳоии киштӣ ба поёни худ наздик шудааст. Вале вай аз ин ширкатҳо ном набурдааст.