Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кохи Кремл мегӯяд, Каримов ба Маскав меояд


Ислом Каримов

Ислом Каримов

Кохи Кремли Маскав мегӯяд, Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон аломат додааст, ки ба Маскав сафар мекунад ва 9 май дар он ҷо дар барномаҳои 70 солагии ҷашни Ғалаба ширкат меҷӯяд.

Дар ин бора Юрий Ушаков-мушовири умури хориҷаи Владимир Путин-раиси ҷумҳур хабар дод. Вай гуфт, Каримов даъвати Путинро қабул кардааст.

Вале то ҳол дафтари раёсати ҷумҳурии Узбакистон дар ин бора чизе нагуфтааст. То ҳол мушовирони Каримов мегуфтанд, ки вай дар барномаҳои 70 солагии Ғалаба дар Маскав ширкат намекунад.

XS
SM
MD
LG