Пайвандҳои дастрасӣ

Сенат ба пешнависи қонуни ҳастаӣ рай медиҳад


Сенати Амрико

Сенати Амрико

Интизор меравад, ки 7 май пешниҳоди намояндагони Ҷумҳурихоҳ дар Сенати Амрико роҷеъ ба қарордоди ҳастаии Эрон ба райдиҳӣ гузошта шавад. Ҷумҳурихоҳон пешниҳод карданд, ки бояд Конгресс ҳақи расидагӣ ба қарордоди шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии ин кишварро пайдо кунад. Ҳоло роҷеъ ба ин қарордод музокироти шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон идома дорад.

Дар сурати тасвиби пешниҳоди Ҷумҳурихоҳон Конгресси Амрико ҳақ пайдо мекунад, ки ба Теҳрон шарту шароити сахттар ба миён ниҳад.

Аз ҷумла, дар пешнависи қонуни пешниҳодшуда гуфта мешавад, ки Конгресс метавонад коҳиши таҳримҳои Амрикоро то 30 рӯз муттаваққиф кунад ва дар ин муддат бо райи Конгресс қарордоди ҳастаӣ ё ба тасвиб мерасад ва ё рад мешавад.

Теҳрон аз пешнависи қонун дар бораи бозбинии қарордоди ҳастаии Эрон интиқод кард ва гуфт, ҳайати музокираи Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ барои қарордоди доимӣ гуфтугӯ мекунанд на барои қарордоде, ки ҳар кишвар роҷеъ ба он қонуни худро дошта бошад.

Пешниҳоди Ҷумҳурихоҳонро Демократҳои Амрико “қурси заҳрогин” арзёбӣ кардаанд ва шояд баъзе аз Демократҳо аз ин пешнависи қонун ҳимоят накунанд ва он сабаби вето кардани қонун аз тарафи Барак Обама-раиси ҷумҳур шавад.

XS
SM
MD
LG