Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии футбол миёни тимҳои “Пайванд” ва “Пайвандсоз”, ки шоми 6-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 4-3 бар фоидаи футболбозони “Пайванд” хотима ёфт. Ҳарду даста ҳам футболбозони ҳирфаӣ нестанд, бозӣ ҳам дар нимамайдон баргузор шуд ва мухлисон ҳам аз 10 нафар беш набуданд.

Дар дастаи “Пайванд” онҳое бозӣ карданд, ки замоне аз зиндагӣ умеди худро канда буданд, чунки ташхиси тиббӣ яке аз узвҳои дохилии онҳоро “ғайриқобили истифода” нишон дода буд. Бозигарони дастаи “Пайвандсоз” табибони Маркази илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсони Маркази миллии тиббӣ буданд, ки дар гузашта ҷарроҳӣ ва табобати “ҳарифон”-и худро бар зимма доштанд.

Бозигарони дастаи “Пайванд”, ки чанд маротиба ҷарроҳӣ ва иваз кардани узвҳои дохилии худро аз сар гузарондаанд, бо вуҷуди ин аз дастаи ҳариф - “Пайвандсоз”-он камӣ нишон надода, чаҳор гол заданд. Онҳое, ки замоне аз зиндагӣ дилсард буданд, бо ин бозии худ ба ҳамқисматони худ нишон доданд, ки рӯҳбаланд бошанд ва ҳаргиз аз зиндагӣ умеди худро накананд.

Мақсуд Тӯраев соли 2011 ҳамагӣ 18-сола буд ва замоне беморияш авҷ гирифт, табибон гуфтанд, ки вай ба пайванди гурда ниёз дорад. Ҳамон сол ба унвонии Радиои Озодӣ номае омада буд, ки бо ин ҷумлаҳо оғоз мешуд: “Писари ман 18-сола шуд. Аз сад гулаш яке ҳам нашукуфта аст. Ташнаи зиндагист, вале бо чашмони чору дили зор, чунки медонад, аз умраш мӯҳлати каме мондааст... Тӯраев Мирзо – падари Мақсуд Тӯраев”.

Ин падар аз саховатмандон хоҳиш карда буд, ки ба писараш ба андозаи тавонашон кӯмак кунанд. Дар ниҳоят Мирзо Тӯраев ба хулосае омад, ки яке аз гурдаҳои худро ба ҷигарбандаш тӯҳфа кунад. Мақсуди ҳамакнун 23-сола, ҳоло бо тани солим, ки дар майдон ҳамроҳи табибон футбол бозӣ мекард, аз ҳамаи онҳое ки дар муддати беморияш кӯмак кардаанд арзи сипос намуд. Ба гуфтаи Мақсуд, вазъи саломатии падараш ҳам, ки як гурдаашро ба вай туҳфа карда буд, хуб аст.

Алишер Турдиев, яке аз дигар нафароне, ки пайванди гурда шудааст, гуфт, замоне ки ташхис гурдаҳои вайро корношоям нишон дод, дигар ба зиндагӣ умед надошт. Аммо бо талоши пайвандону наздикон тавонист пайванди гурда кунад. Маслиҳати Алишер Турдиев ба онҳое, ки ба чунин беморӣ гирифтор шудаанд, ин аст, ки ҳаргиз ноумед нашаванд ва ҳам аз ҷомеа дархост кард, то ба табобати ингуна беморон бетараф набошанд. Чунки ба гуфтаи вай, нафарони зиёди мӯҳтоҷ ба пайванд шудани узв, аз набудани маблағ табобат намегиранд ва дар ниҳоят мефавтанд.

Саидмаҳмуд Исмоилов, директори Маркази илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ва капитани дастаи “Пайвандсоз” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин бозӣ рамзи солимии онҳоест, ки замоне дар бистари беморӣ ба бемористон оварда шуданд ва имрӯз ҳамроҳи онҳо дар дастаи муқобил бозӣ доранд.

Исмоилов афзуд, онҳо бо ин беморон чанд муддат дар толорҳои варзишӣ тамрин мекарданд ва ин бозӣ нишонаи он буд, ки беморони ҷарроҳишуда ҳам метавонанд ба варзиши сабук машғул шуда, солимии худро ҳифз кунанд. Саидмаҳмуд Исмоилов афзуд, аммо ин ба он маъно нест, ки беморон комилан сиҳат ёфтаанд, чунки табобати онҳо бо истифодаи дору ҳамчунон идома мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG