Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Аслов ва Абдилдаев дар Ишқобод


Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, бар зарурати тақвияти ин равобит дар арсаи мухталиф таъкид карданд. Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 7 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дидори Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии кишвар бо Эрлан Абдилдаев, ҳамтои қирғизаш дар чорчӯби нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир дар шаҳри Ишқобод сурат гирифт, ки ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, гуфтугӯ карданд.

Ба таъкиди ҷаноби Атоӣ, вазирони тоҷику қирғиз аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, бар зарурати тақвияти ин равобит дар арсаи мухталиф таъкид намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин дидор роҷеъ ба ҳамкориҳои минтақавӣ, ба хусус масоили амниятӣ, мубодилаи афкор намуданд. Дидору гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳолест, ки ҳар ду кишвар дорои марзи муштарак буда ва танишҳои марзӣ ба муносиботи ҳар ду кишвар то андозае таъсир расонидааст.

Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир дар шаҳри Ишқобод ба ибтикори Барномаи СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷияноткорӣ сурат мегирад. Зимнан, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Юрий Федотов, раҳбари иҷроии Барномаи СММ дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дидору гуфтугӯ низ доштааст.

XS
SM
MD
LG