Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ва Меркел дар Маскав мулоқот мекунанд


Меркел ва Путин, акс аз бойгонӣ, 5 сентябри соли 2013

Меркел ва Путин, акс аз бойгонӣ, 5 сентябри соли 2013

Юрий Ушаков-мушовири раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ки Владимир Путин ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон 10 май дар Маскав бӯҳрони Украинаро баррасӣ мекунанд.

Меркел 9 май ба муносибати 70 солагии Рӯзи Ғалаба дар паради низомӣ ширкат нахоҳад кард. Нақши Русия дар муноқишаҳои шарқи Украина ба барномаҳои ин ҷашн соя афкандааст ва ин кор ғазаби раҳбарони Ғарбро барангехтааст.

Юрий Ушаков-мушовири сиёсати хориҷии Путин гуфт, ки Меркел барои ширкат дар барномаҳои ҷашни пирузӣ бар Олмони Нозӣ 10 май ба Маскав меояд ва бо Путин конфронси хабарии муштарак баргузор хоҳанд кард.

12 феврал Меркел ва Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса дар Минск имзои созишномаи оташбаси миёни нируҳои Украина ва нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русияро миёнҷигарӣ карда буданд, вале ин оташбас борҳо вайрон шудааст.

Ушаков гуфт, ки раҳбарони баъзе давлатҳову ҳукуматҳо дар паради низомӣ ширкат мекунанд ва мулоқотҳои онҳо, аз ҷумла Сӣ Ҷинпинг-раиси ҷумҳури Чин, Пранаб Мухерҷӣ-раиси ҷумҳури Ҳинд, Абдулфаттоҳ Сӣ Сӣ-раиси ҷумҳури Миср ва Раул Кастро-раҳбари Куба дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG