Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти Минск дар бораи оташбас


Намояндагон дар музокироти Минск, 6 май

Намояндагон дар музокироти Минск, 6 май

Мақомоти расмии Русияву Украина ва САҲА 6 май дар Минск бо ҳам мулоқот ва масъалаҳои созишномаи оташбас дар шарқи Украинаро, ки моҳи феврал ба имзо расид, баррасӣ карданд. Дар ин музокирот, ки паси дарҳои баста анҷом гирифт, интизор мерафт, ки намояндагони ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия низ ширкат кунанд.

Дар соатҳои аввали оғози ин музокирот низомиёни Украина хабар доданд, ки дар 24 соати ахир 5 сарбози онҳо кушта 12 нафари дигар захмӣ шудаанд. Сухангӯи низомиёни Украина гуфт, ки ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия бештар аз 42 бор оташбасро вайрон кардаанд.

Аз сӯи дигар, ҷудоихоҳони ҷонибдорони Русия мегӯянд, ки тӯпу тонкҳои нируҳои ҳукуматии Украина дар 24 соати ахир даҳҳо бор ба сӯи онҳо оташ кушодаанд ва оташбасро риоят накардаанд.

XS
SM
MD
LG