Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди фоҷиаи 3 апрел ба Яккабед об омад


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бо талоши сарбозони қисми ҳарбӣ ва мардуми маҳал 8 километр лӯлаи оби ошомиданӣ аз доманаи кӯҳ тариқи деҳаи ҳамсоя ба Яккабеди ноҳияи Файзобод оварда шуд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, лӯлаи оби 8-километра аз сарбанди об воқеъ дар доманаи кӯҳ ба деҳаи Яккабед кашонида шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ба хотири тахриб нашудани лӯлаи об, онро ба воситаи деҳаи ҳамсоя кашида ва ба Яккабед оварданд. Қаблан мардуми Яккабед мехостанд аз сарбанд мустақим ба даруни кӯҳдоман хатти обро биёранд. Ҳоло ҳудуди 5 километри хати об комилан бехатар гардонида шуда, болои он бо хоку санг пӯшонида шудааст ва ҳамакнун барои пурра хокпӯш кардани болои қубури об, аз тарафи сарбозони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кор идома дорад. Ин лӯлаи об сари чанд вақт вайрон мешуд.

Сокинони деҳаи Яккабеди Файзобод дар ҳоле соҳиби оби ошомиданӣ шуданд, ки рӯзи 3 апрел аҳли ин деҳа шоҳиди фоҷеаи зери хок мондани 10 ҳамдеҳаи худ шуданд. Ҳанӯзам кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷустуҷӯи ду ҷасади дигарро, ки дар авоили моҳи апрел зери хок монда буданд, идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG