Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари паҳлавонони тоҷик ба Қазоқистон


Хушқадам Хисравов, паҳлавони номдор дар ҳайати дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо дар Қазоқистон иштирок мекунад.
Хушқадам Хисравов, паҳлавони номдор дар ҳайати дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо дар Қазоқистон иштирок мекунад.

Имрӯз, 6-уми май, паҳлавонони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Таимбет Комекбоев ба Қазоқистон сафар карданд.

Дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 6-уми май барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Таимбет Комекбоев, ки рӯзҳои 8 ва 9 май дар вилояти Қизилурда баргузор мешавад, тавассути ҳавопаймо ба Қазоқистон парвоз карданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ширкати варзишгарон аз 25 кишвар дар назар аст. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 6 гуштигир - Акмалиддин Каримов, Бобоҷон Зоиров, Бахтовар Каримов (ҳарсе дар вазни 57 кило), Хушқадам Хисравов (62 кило), Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кило) ва Салимбек Салимбеков (+100 кило) - дохиланд. Мо аз паҳлавонони тоҷик, бахусус, Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хисравов, дар ин мусобиқа натиҷаҳои баландро чашмдорем”.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдулло, довари дараҷаи байналмилалӣ, пас аз анҷоми мусобиқаи самбо сабқати гуштии миллии қазоқии “курес” дар вазни мутлақ барпо мегардад. Ғолиби ин сабқат бо мошини сабукрави “Toyota Prado” сарфароз мешавад. Инчунин паҳлавононе, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, бо мошинҳои сабукрав мукофотонида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG