Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон санади узвиятро имзо мекунад


Алмосбек Атамбоев
Алмосбек Атамбоев

Дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон эълон кардааст, ки Алмосбек Атамбоев барои ширкат дар барномаҳои 70 солагии Рӯзи Ғалаба 7 май ба Маскав сафар хоҳад кард.

Пештар мақомоти Қирғизистон хабар дода буданд, ки ин кишвар 8 май протоколи узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро имзо хоҳад кард. Сапар Исаков-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Қирғизистон 6 май ба матбуот гуфт, ки барои вуруд ба ин иттиҳод ҳеҷ гуна ихтилофи назар вуҷуд надорад ва танҳо бояд расмиёти даромадан иҷро шавад.

Ба гуфтаи вай, Қирғизистон ва 4 кишвари дигари узв-Русияву Қазоқистон ва Беларусу Арманистон фақат бояд ду протоколи дигарро имзо кунанд ва ин ду масъала 7 май дар мулоқоти муовинони нахуствазир баррасӣ мешавад. Исаков гуфт: “Ман бовар дорам, ки дар ин бора ҷонибҳо ба тавофуқ мерасанд”.

8 май Қирғизистон ба таври расмӣ ба ин иттиҳод медарояд. 23 декабри соли 2014 қарордод дар бораи даромадан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро имзо карда буд.

8 май Атамбоев дар чаҳорчӯбаи барномаҳои Рӯзи Ғалаба дар гушоиши нимпайкараи Дуйшенқул Шопоков-шарванди Қирғизистон дар Волоколамск ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG