Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳонаи Игор Сечин-раиси "Роснефт" чӣ қадр аст?


Игор Сечин
Игор Сечин

Игор Сечин-раиси ширкати "Роснефт” ҳар моҳ дастикам 15-20 миллион рубл кор мекунад, ки он ба 295 000 то 390 000 доллар баробар аст. Дар ин бора ширкати мазкур рӯзи сешанбе ба хабаргузории Ройтерз иттилоъ додааст.

"Роснефт” аз лиҳози истихроҷ яке аз бузургтарин ширкатҳои нафти ҷаҳон ба шумор меравад. Ин ширкат нахостааст, моҳонаи пурраи Игор Сечинро ифшо кунад. Вале дар торнамои худ "Роснефт” навиштааст, ки раҳбарони боломақоми ширкат дастмузди иловагӣ низ мегиранд.

Рӯзи сешанбе "Роснефт” хабар дод, ки қарордоди Сечин бо ин ширкат барои панҷ соли дигар тамдид шудааст. Ҳоло ин ширкат зери таҳримҳои Ғарб қарор дорад, зеро Маскав бо ҷудоихоҳони шарқи Украина кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG