Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари курдҳои Ироқ бо Обама мулоқот кард


Масъуд Боризонӣ
Масъуд Боризонӣ

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Масъуд Боризонӣ-раҳбари Курдистони мухтори Ироқро дар Кохи Сафед ба ҳузур пазируфт. Обама ва Ҷо Байден-ноиби раиси ҷумҳур бо Масъуд Боризонӣ масъалаи дубора гирифтани қаламравҳои ишғолӣ аз дасти тундравҳои “Давлати Исломӣ”-ро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ бо Бағдод барои бунёди “Ироқи муттаҳаид, федеролӣ ва демократӣ”-ро ба баррасӣ гирифтанд. Обама дар Кохи Сафед муборизаи ҷасуронаи нируҳои Пешмаргаи курдро ёдоварӣ кард, ки дар озодии қисматҳои ишғолшудаи Ироқ аз худ нишон доданд.

Ҷангҳои шадид барои шаҳри Мавсил сурат гирифт, чун тундравҳои “Давлати Исломӣ” онро пойтахти “Халифат”-и худ дар Сурияву Ироқ эълон кардаанд.Аз 4 000 то 6 000 ироқиҳо дар Курдистони Ироқ машқу тамрин диданд, то ин шаҳрро аз тундравҳо дубора бигиранд.

Боризонӣ бори ахир моҳи апрели соли 2012 аз Вашингтон боздид карда буд. Боздиди кунуниаш баъд аз як ҳафтаи боздиди Ҳайдар Абадӣ-нахуствазири Ироқ аз Кохи Сафед сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG