Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти дузди ҳиҷобпӯш дар Душанбе


Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як зани 21-сола Д. Р.-ро бо иттиҳоми дуздӣ дастгир намуданд, ки бо ба бар кардани ҳиҷоб худро “худотарс” вонамуд карда, бо баҳонаи ҷустуҷӯйи хонаи иҷора моли мардумро медуздидааст. Далер Нарзулло сардори Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии пойтахт 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, боздоштшуда аз эътимоди соҳибони хонаҳои баландошёна истифода бурда, аз даҳлези хонаҳои мазкур, ки дарашон аксар вақт кушода будааст, моликияти онҳоро мерабудааст. Раёсати корҳои дохилии пойтахт мегӯяд, Давлатмоҳ Раҳимова молҳои дуздишудаашробо нархи ночиз мефурӯхтааст, масалан телефони мобилии гароннархи тамғаи «Самсунг-галакси-3»-ро бо арзиши 35 сомонӣ фурӯхтааст. Азбаски вай борҳо ва ба таври такрорӣ ба дуздии моли мардум даст задааст, кормандони миилса ӯро боздошт намуда, бо моддаи 244 кодекси ҷиноӣ (дуздӣ) парванда оғоз гардида, тафтишо идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG