Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи таэквондо (ВТФ) бахшида ба 70-солагии Рӯзи Ғалаба


Имрӯз, 6-уми май, дар Душанбе, дар Майдони тенниси КВД "Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон, мусобиқаи кушодаи шаҳрӣ оид ба таэквондо (ВТФ) баргузор мешавад.

Мусобиқаи кушодаи шаҳри Душанбе оид ба таэквондо (ВТФ), ки имрӯз, 6-уми май, дар Душанбе, дар Майдони тенниси КВД "Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон баргузор мешавад, ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шудааст.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии кишвар дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии таэквондо (ВТФ) ва таҳти сарпарастии ҶДММ "Ғаюр” барпо мегардад.

Вай афзуд, “мусобиқаи мазкур тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии таэквондо (WTF) дар 8 вазн байни писарону духтарон ва мардон сурат мегирад: мардон –вазнҳои 54 кг ва 58 кг, ҷавонписарон (1998 – 2000) – вазнҳои 55 кг ва 59 кг, ҷавондухтарон (2001 – 2003) – вазни 45 кг, ҷавонписарон (1998 – 2000) – вазнҳои 55 кг ва 59 кг, писарон (2001-2003) – вазнҳои 37 кг ва 41 кг, наврасон (2004 – 2008) – вазни 23 кг. Ғолибон ва онҳое, ки дар вазни худ ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, бо медалу тӯҳфаҳо ва сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз мешаванд”.

Ба иттилои ҷаноби Раҷабалиев, маросими кушоиши мусобиқа рӯзи чоршанбеи 6 май дар Майдони тенниси КВД "Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон (Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ) соати 17:00 оғоз меёбад. Пас аз ин маросим қувваозмоиҳои ниҳоӣ баргузор мешаванд. Тамошои мусобиқа ройгон аст.

XS
SM
MD
LG