Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бурди баҳсбарангези Русия дар озмуни кони тилло


Маҳали кони тиллои Ҷеруй

Маҳали кони тиллои Ҷеруй

Як ширкати Русия дар озмуне барои дарёфти ҳақи кор дар кони тиллои Ҷеруйи Қирғизистон баранда шудааст. Ҷеруй дуввумин кони бузурги тилло дар ин кишвар аст. Ин задубанд интиқодҳоеро ба бор овардааст, ки қарордод бар зидди манофеи Қирғизистон аст.

Восток-Геолдобича ин озмунро бо 100 миллион доллар бурд ва он миллионҳо доллар камтар аз он аст, ки як ширкати давлатӣ барои он пешниҳод мекард ва он ҳам дар ҳолест, ки муборизаҳои гарони додгоҳӣ бо сармоягузори пешини қазоқии ин кон аз имкон дур нест.

Ожонси давлатии геологияи Қирғизистон 4 май гуфт, бурди озмун ба Восток-Геолдобича имкон медиҳад, ки аз ин кон бештар аз 97 тон тилло бигирад.

Бино ба гуфтаи Диюшенбек Зилалиев-раиси Ожонси давлатии геологияи Қирғизистон, ширкати давлатии Қирғизолтин дар ин озмун 111 миллион доллар пешниҳод кардааст, вале Восток-Геолдобича таҷҳизоти беҳтар ва сармоягузории беҳтарро пешниҳод намудааст.

Аммо Сагинбек Абдираҳманов-муовини раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, ки натиҷаҳои озмун “бар зарари манофеи миллии Қирғизистон” аст.

XS
SM
MD
LG