Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ аз Сомалӣ боздид мекунад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 5 май ғайримунтазиравориди Сомалӣ шуд. Ин кишвари африқоӣ баъд аз ду даҳсолаи ҷанг бо шӯришиёни исломии Ал Шабоб барои бозсозӣ мубориза мебарад.

Ин нахустин боздиди вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Сомалӣ мебошад. Ҷон Керрӣ дар ин сафар бо Ҳасан Шайх Маҳмуд-раиси ҷумҳур, бо нахуствазир ва бо раҳбарони вилоятҳову гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад.

Ба далелҳои амниятӣ мақомоти амрикоӣ аз ифшои ҷои баргузории мулоқотҳо худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG