Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Станкевичи мухолифро ба зиндон интиқол доданд


Николай Станкевич-мухолифи ҳукумат ва номзади пешини мақоми раёсати ҷумҳурии Беларус, ки дар маҳали ислоҳоти меҳнатӣ қарор дошт, то охири мӯҳлати зиндонаш 1 солу 7 моҳи дигар дар зиндон хоҳад нишаст.

Як рӯз пеш дар ин бора дар мурофиаи махфӣ додгоҳ чунин ҳукм содир кардааст ва гуфтааст, ки Станкевич назми дохилиро дар маҳали кор риоят намекард ва ба раҳбарон гӯш намедод.

Марина Адамович-хонуми Станкевич гуфтааст, ки шавҳараш даҳҳо огаҳӣ доштааст ва аксари онҳо барои саркашӣ аз рӯбу чини маҳал будааст. Ба гуфтаи вай, ба Станкевич дастур медодаанд, ки вай бар иловаи корҳои кардааш ин корҳоро низ иловагӣ анҷом диҳад.

Станкевич чунин корро таҳқир медонист ва ба раҳбарияти зиндон шикоят навишт, вале фишор ба вай бештар шуд.

XS
SM
MD
LG