Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигори зиндонӣ ҷоизаи ПЕН-сентр гирифт


Хадича Исмоилова

Хадича Исмоилова

Хадича Исмоилова-хабарнигори зиндонии Озарбойҷон бояд 5 май ҷоизаи маркази ПЕН-сентрро бигирад. Ин марказ, ки як созмони ғайридавлатист ва аз озодии баён дифоъ мекунад, тасмим гирифтааст, ки Хадичаро “барои ҷасораташ дар таҳқиқи мавридҳои ришвахорӣ дар ҳукумат” ҷоиза диҳад.

Исмоилова бо бахши озарии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад ва навиштаҳои вай пештар ҳам ҷоизаҳои дигари созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигоронро гирифта буд.

Дар охири моҳи апрел Бошгоҳи матбуоти миллии Шведсия эълон кард, ки ба вай ҷоизаи “Озодии сухан”-и ба номи Анна Политковскаяро медиҳад. Политковская муфассири рӯзномаи “Новая Газета”-и Русия буд ва барои ҷасорату ошкорбаёниаш кушта шуд.

XS
SM
MD
LG