Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозони Техас таҳти пайгарди FBI буданд


Ҷасади Элтон Симпсонро мебаранд, Гэрланд, 4 май
Ҷасади Элтон Симпсонро мебаранд, Гэрланд, 4 май

Ҳукумати Амрико мардеро, ки ба сӯи озмуни аксҳои танзомези Муҳаммад-паёмбари ислом дар Техас тир холӣ кард, ҳамаҷониба бозпурсӣ ва тафтиш шудааст. Вайро соли 2010 барои дурӯғгӯӣ дар бораи ширкаташ дар ҳамлаҳои тундравҳои исломӣ Сомалӣ ба муҷозот кашондаанд. Дар ин бора 4 май мақомот хабар доданд.

Ин марди мусаллаҳ бо номи Элтон Симпсон ва ҳамхонаи вай Нодир Суфиро пулиси навбатдор ва кормандони дигари амниятӣ дар Гэрланд дар наздикии Даллас 3 май ба қатл расонданд.

Дафтари Бозрасии Федеролӣ ё Эф Би Ай Симпсонро хеле хуб мешинохт, зеро вай аз соли 2006 то 2010 мусоҳибаҳои худро роҷеъ ба расидагиҳои террористӣ 1 500 соат сабт карда буд. Вале бозрасон намедонистанд, ки вай ба нақша гирифтааст, ки ба сӯи озмуни аксҳои танзомез тир меандозад.

Симпсон ва Суфӣ дар тан ҷавшан доштанд ва ба пои посбон тир андохтанд. Вале дар оташи ҷавобии нируҳои амниятӣ ва пулис кушта шуданд. Посбон дар бемористон муолиҷа гирифт ва рухсат шуд.

XS
SM
MD
LG