Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД ва КДАМ номанависони зидди омӯзгорони Раштро ёфтанд


Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вуҷуди се номаи таҳқиромез зидди омӯзгорон ва мудири мактаби 44-ро дар Раштро тасдиқ карда, аммо онро "ҳосил"-и хусумати шахсӣ хондаанд.

Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 5 май бо нашри изҳороти расмӣ вуҷуди се номаи таҳқиромез алайҳи омӯзгорон ва мудири мактаби рақами 44 дар минтақаи Раштро тасдиқ карданд. Масъулони ин ду ниҳоди қудратӣ гуфтанд, ки се мактуби беимзоро рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ аз дохили мактаб дарёфт намудаанд.

Аммо ба қавли онҳо, таҳқиқ нишон додааст, ин номаҳо кори ду хонандаи мактаби рақами 44 - Фарзонаи Туйчӣ (1998) ва Паймонаи Туйчӣ (2001) будааст, ки гӯё ба роҳбари мактаб Хайрулло Раҳимов ва омӯзгорон - Аҳмадҷон Нуралиев, Икромалӣ Бобиев ва Зебистон Шодиева хусумат доштаанд. "Муайян карда шуд, воқеаи дар мактаби миёнаи №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт рухдода ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии ду ноболиғ содир карда шудааст,"-- таъкид шудааст дар изҳорот.

Дар идома аз қавли ноболиғон оварда шудааст, ки хусумати доштаи онҳо ба далели роҳ наёфтанашон ба бозии волейбол дар моҳи феврали соли ҷорӣ ва инчунин "эродҳои ҷиддӣ гирифтани роҳбари мактаб Раҳимов дар ҷамъомадҳои мактабӣ барои дер омаданашон нисбат ба падари ноболиғон – Шукуров Туйчӣ, ки ба ҳайси посбон ва модарашон Сангинова Назофат, ки ба ҳайси омӯзгор дар ҳамин мактаб кору фаъолият доранд, мебошад."

Масъулони Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, бинобар ин, хонандагони мактаб барои тарсондани омӯзгорон номаҳои таҳқиромез навишта, ба синфхонаҳо партофтаанд. Ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Субҳи рӯзи 20 апрели соли ҷорӣ раиси деҳаи Камароби минтақаи Рашт Раҳматҷон Салимов ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки шаби 18 ба 19 апрел як гуруҳ вориди мактаби 44 шуда, харита ва "газетаҳои деворӣ"-ро пора кардаанд ва инчунин номаи таҳдидомез барои муаллимаҳо ва мудири мактаб гузоштаанд. Ба қавли ӯ, номанависон гуфтаанд, ин таҳдиди охирин аст ва агар муаллимаҳо ба фаъолияташон дар мактаб хотима набахшанд, ҷазои сахт дар интизорашон ҳаст.

Раиси деҳаи Камароб дар бораи таҳдид ба омӯзгорон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00
Линки мустақим

Ба дунболи ин дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ин ҳодисаро расман шарҳ доданд. Дар изҳороти аввалӣ гуфта мешавад, "кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ муайян намуданд, ки дар ҳодисаи зикрёфта 2 нафар ноболиғ, хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доранд. Бино бар нишондоди моиндари Раҳимов Хуршед - Акрамова Зарифамоҳ, писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш, аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзондааст."

Дар идомаи ин изҳорот гуфта мешавад, ки "17-уми апрел моиндари Раҳимов Хуршед, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ, калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда,ҳамроҳ бо Раҳимов Неъматулло, тақрибан соатҳои аз 23-24.00 ба мактаби миёнаи № 44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Раҳимов Хуршед ва Раҳимов Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд."

Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ ба нақл аз раиси деҳаи Камароби минтақаи Рашт Раҳматҷон Салимов хабар дода буд, ки шаби 18 ба 19 апрел як гуруҳ вориди мактаби 44 шуда, харита ва "газетаҳои деворӣ"-ро пора кардаанд ва инчунин номаи таҳдидомезе барои муаллимаҳо ва мудири мактаб гузоштаанд. Ба қавли ӯ, номанависон гуфтаанд, ин таҳдиди охирин аст ва агар муаллимаҳо ба фаъолияташон дар мактаб хотима набахшанд, ҷазои сахт дар интизорашон аст.

XS
SM
MD
LG