Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Чаҳор голи Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи ССКА "Помир"


Манучеҳр Ҷалилов

Манучеҳр Ҷалилов

​“Истиқлол”-и Душанбе бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 5-1 пирӯз шуд.

“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии охирини даври 4-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки шоми душанбеи 4 май дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар ба поён расид, бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 5-1 ғалаба кард.

Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки чаҳор гол зада, дар мавсими имсола аввалин “покер” кард, қаҳрамони ин бозӣ гардид. Боз як голи «Истиқлол»-ро капитани даста Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд. Голи ягонаи ССКА “Помир”-ро Давронҷон Тухтасунов ба дарвозаи “Истиқлол” ворид кард.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки паиҳам чаҳор ғалаба ба даст овард, мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз садрнишин аст.

Ёдовар мешавем, дар чаҳор бозии дигари даври чоруми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки шоми шанбеи 2-юми май поён ёфта буд, дар як бозӣ мизбонон, дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омадаанд ва ду бозии дигар мусовӣ шудааст.

Дастаи “Барқи тоҷик”-и Душанбе бар тими меҳмон “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1-0 пирӯзӣ ба даст овард. Тӯбро Муҳаммад Гулипур, легионери эронӣ, дар дақиқаи аввалини бозӣ ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, ин аввалин ғалабаи “Барқи тоҷик” ба шумор меравад. Вале “Парвоз” дар ҳамаи чаҳор бозии худ шикаст хӯрдааст.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад. Ин ғалаба ба хуҷандиҳо имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 9 имтиёз ба ҷойи дувум бароянд.

Ду бозии дигар байни «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2:2 ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-1 хотима ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«РАВШАН» — «ХУҶАНД» — 1:3

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 23 (0:1). Дилшод Бозоров, 79 (0:2). Дилшод Бозоров, 88 (0:3). Сайидамири Сайидаҳтам, 90+2 (1:3).

Аз бозӣ хориҷ шуд: Суннатулло Холов («Равшан»), 85 – барои бозии дағалу барқасдона бо мақсади лат додани рақиб.

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «ВАХШ» — 1:1

Голҳо: Соломон Течи, 33 (1:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 86 (1:1).

«БАРҚИ ТОҶИК» — «ПАРВОЗ» — 1:0

Гол: Муҳаммад Гулипур, 1.

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «ХАЙР» — 2:2

Голҳо: Комрон Турсунов, 20 (1:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 55 (1:1). Комил Саидов, 58 (2:1). Наполеон Андох, 77 (2:2).

«ИСТИҚЛОЛ» — ССКА «ПОМИР» — 5:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 17 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 38 (3:0). Давронҷон Тухтасунов, 42 (3:1). Манучеҳр Ҷалилов, 53 (4:1). Дилшод Восиев, 67 (5:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

4

0

0

20-1

12

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

3

0

1

7-3

9

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

2

2

0

7-5

8

4

«Хайр» (Ваҳдат)

4

2

1

1

6-6

7

5

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

4

1

2

1

2-2

5

6

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

3

1

1

1

5-3

4

7

«Равшан» (Кӯлоб)

4

1

1

2

5-7

4

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

3

1

0

2

1-6

3

9

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

0

1

3

1-8

1

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

4

0

0

4

0-13

0

Нишонзанҳои мусобиқа: Манучеҳр Ҷалилов (“Истиқлол”) - 5 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС, Дилшод ВОСИЕВ (ҳарду - «Истиқлол») – 3-тӯбӣ, Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ»), Дилшод БОЗОРОВ («Хуҷанд»), Умедҷон ШАРИФОВ («Истиқлол»), Сайидамири САЙИДАҲТАМ («Равшан»), Соломон ТЕЧИ («Далерон-Ӯротеппа»), Муҳаммадҷони ҲАСАН («Вахш»), Меҳроҷиддин Музаффаров (“Хайр”) – 2-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 5-ум:

8 май (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Истиқлол» — «Равшан»

9 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Хайр» — «Барқи тоҷик»

«Вахш» — «Регар-ТадАЗ»

«Хуҷанд» — «Далерон-Ӯротеппа»

10 май (якшанбе)

Оғози бозӣ - соати 17:00

«Парвоз» — ССКА «Помир»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG