Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари ҳамлаи "Толибон" ба як постгоҳ дар вилояти Бадахшони Афғонистон дасти кам 16 корманди полис кушта шуданд. Вакили парлумон Нилуфар Иброҳимӣ ба хабаргузориҳо гуфт, дар ин ҳамла, ки шаби 3 ба 4 май сурат гирифт, аз ҷумла, 13 корманди полиси марзбонӣ ҷон бохтаанд. Ба иттилои ӯ, баъд аз ҳамла 7 корманди дигари полиси марзбонӣ беному нишон шудаанд.

Тақрибан як моҳ қабл дар ҳамин гуна ҳамла дар волусволии Ҷурми Бадахшон тақрибан 30 низомии афғон ба ҳалокат расида буданд.

Аз ин пеш бар асари ҳамлаи маргталабона дар як автобус бо кормандони Додситонии кулли Афғонистон дар Кобул як нафар кушта ва 15 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти ҳарду ҳамларо ҷунбиши "Толибон" бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG